Версия для печати
Вторник, 22 Ноябрь 2022 10:45

Машваратҳои ҷамъиятӣ дар ҳошияи Лоиҳаи “Баланд бардоштани устувории кишоварзӣ”

12Дар доираи омодагӣ ба татбиқи маблағгузории иловагии Лоиҳаи “Баланд бардоштани устувории кишоварзӣ” тибқи нақшаи корӣ силсилаи машваратҳои ҷамъиятӣ бо иштироки намояндагони КВД “Хӯрокворӣ”, Хадамоти назорати давлатии санитарию эпидемиологии Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон, КВДҶХН “Тоҷикниҳолпарвар”-и Вазорати кишоварзӣ, мутахассисони раёсатҳои Вазорати кишоварзии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва дигар ҷонибҳои манфиатдор дар толори Вазорати кишоварзӣ ва дар Раёсати кишоварзии вилояти Хатлон баргузор гардид.

Мутахассисони масоили иҷтимоӣ ва экологии Муассисаи давлатии “Рушди соҳибкорӣ дар соҳаи кишоварзӣ” Р.Раҳматова ва М.Мусамиров оид ба нуктаҳои Ҳуҷҷатҳои навшудаи масоили иҷтимоиву экологии Лоиҳаи “Баланд бардоштани устувории кишоварзӣ” бо маърӯза баромад намуданд.

Қобили қайд аст, ки маблағгузории иловагӣ ба мустаҳкам намудани устувории зиддибӯҳронии соҳаи кишоварзӣ ва таъмини амнияти озуқаворӣ дар Тоҷикистон равона шудааст.

 

 

 

 

 

Прочитано 679 раз Последнее изменение Вторник, 22 Ноябрь 2022 10:54