Версия для печати
Среда, 14 Декабрь 2022 09:53

Фаъолияти лоиҳакашӣ дар доираи татбиқи Лоиҳаи “Баланд бардоштани устувории кишоварзӣ”

sokhtmonДар доираи Лоиҳаи “Баланд бардоштани устувории кишоварзӣ”, ки аз ҷониби Муассисаи давлатии “Рушди соҳибкорӣ дар соҳаи кишоварзӣ” татбиқ мегардад, корҳои таъмиру сохтмонӣ ва азнавсозии 151 иншооти мансуби Вазорати кишоварзии Ҷумҳурии Тоҷикистон, Академияи илмҳои кишоварзии Тоҷикистон ва Донишгоҳи аграрии Тоҷикистон ба номи Ш.Шотемур ба нақша гирифта шудааст. Ҳамчунин сохтумони се маркази агрологистӣ дар шаҳри Душанбе, вилоятҳои Суғду Хатлон пешбинӣ гардидааст.

Зимнан, аксари иншоотҳои баҳрагирандагон (бинои маъмурӣ, анборҳо, озмоишгоҳҳо) таъмирталаб буда, қисме аз онҳо дар ҳолати корношоямӣ қарор дорад.

Айни замон 119 иншоот мавриди боздиди мутахассисон ва корҳои лоиҳакашӣ қарор гирифтааст. Барои 32 иншоот рӯзҳои наздик фаъолият оғоз мегардад.

Иншоотҳои лоиҳавӣ дар саросари Ҷумҳурии Тоҷикистон ҷойгир шудаанд.

Корҳои лоиҳакашии марказҳои агрологистӣ ва хизматрасони машваратӣ дар ояндаи наздик оғоз меёбад.

 

 

 

Прочитано 696 раз Последнее изменение Среда, 14 Декабрь 2022 10:00