Версия для печати
Вторник, 25 Апрель 2023 13:49

Кишти пунбадонаи навъи «Лодос»

Дар доираи татбиқи компоненти якуми Лоиҳаи “Баланд бардорштани устувории кишоварзӣ” пунбадонаи гурӯҳи элитаи навъи “Лодос” барои баҳрагирандагони Лоиҳа, аз ҷумла хоҷагиҳои тухмипарварӣ ва стансияҳои давлатии навъсанҷии минтақаҳои гуногуни пахтакори кишвар тақсим карда шуд.

Илова ба пунбадонаи гурӯҳи элита ба миқдори муайян нуриҳои гуногуни минералӣ тақсим карда шуд, ки дар ҳолати риояи қоидаҳои агротехникӣ аз ҳар гектар то 50 сентнерӣ ҳосили пахта гирифтан мумкин аст.

Айни замон мавсими кишти пунбадонаи навъи “Лодос” дар хоҷагиҳои пахтакорӣ бо риояи талаботи агротехникӣ идома дорад.

Мутахассисони Муассисаи давлатии “Рушди соҳибкорӣ дар соҳаи кишоварзӣ” дар доираи Лоиҳаи “Баланд бардоштани устувории кишоварзӣ” ҷараёни кишти пунбадонаро назорат намуда ба хоҷагидорон маслиҳатҳои муфид доданд.

kisht p2 kisht p
Прочитано 563 раз Последнее изменение Вторник, 09 Май 2023 22:41