Версия для печати
Понедельник, 29 Май 2023 15:44

Силсилаомӯзишҳои тухмипарварӣ оғоз ёфт

Дар доираи кӯмаки техникии ФАО (Ташкилоти озуқаворӣ ва кишоварзии Созмони Милали Муттаҳид) ба ҷараёни татбиқи Лоиҳаи баланд бардоштани устувории кишоварзӣ аз ҷониби олимони соҳаи кишоварзӣ семинари омӯзишӣ барои мураббиён дар мавзӯи “Интихоби замин барои парвариши картошка, киштгардон, тарзи гуногунии кишт, техника, технология, меъёр ва муҳлати кишт” дар водии Рашт баргузор гардид, ки ин минтақа бо картошкапарварӣ шуҳрат ёфтааст.

Мақсад аз омӯзиши мазкур такмили дониш ва сайқали малакаи хоҷагидорон оид ба парвариши картошкаи тухмӣ буд. Зеро дар доираи “Лоиҳаи Баланд бардоштани устувории кишоварзӣ” ба рушди шабакаи тухмипарварӣ ва беҳдошти таъмини ғизо эътибори хоса дошта мешавад.

Баргузории чунин машғулиятҳо бо иштироки мураббиёни нав ва доираи васеи баҳрагирандагон дар минтақаҳои дигари ҷумҳурӣ идома меёбад.

 

foto 1  
Прочитано 1199 раз Последнее изменение Понедельник, 29 Май 2023 15:49