Версия для печати
Среда, 31 Май 2023 15:02

Интизори ҳосили хуб

Бо мақсади мушоҳидаи ҳосили қитъаҳои кишти гандум, ва пахта, фаҳмонидани талаботи дарёфти сертификати тухмӣ, истифодабарии нуриҳои минералӣ ва ташхиси хоки хоҷагиҳои тухмипарвари минтақаи Бохтари вилояти Хатлон, гуруҳи мутахассисони Муассисаи давлатии “Рушди соҳибкорӣ дар соҳаи кишоварзӣ” дар якҷоягӣ бо мутахассисони Ташкилоти озуқаворӣ ва кишоварзӣ (ФАО) сафари хизматӣ анҷом доданд. Дар рафти сафари хизматӣ оид ба корбарии дафтарҳои фенологӣ, муайян кардани ҳосили интизорӣ ва чораҳои мубориза бар зидди ҳашаротҳои бегона дар давраҳои нашъунамои зироатҳои гандуму пахта тавсияҳои судманд дода шуд.

Инҷунин дар суҳбат бо хоҷагидорон маълум гардид, ҳосилнокии имсолаи тухмиҳои гандуми гуруҳи элита хеле баланд буда, барои таъмини бозори истеъмолии аҳолии кишвар мусоидат хоҳад намуд.

 

gandum1

Прочитано 1348 раз