Версия для печати
Вторник, 11 Апрель 2023 14:11

Ташхиси ҳосилхезии хок

Дар доираи компоненти сеюми Лоиҳаи “Баланд бардоштани устувории кишоварзӣ” оид ба такмили иқтидори муассисаҳои давлатӣ барои пешгирӣ ва идоракунии ҳолатҳои бӯҳронӣ мутахассисони муассисаи давлатии “Рушди соҳибкорӣ дар соҳаи кишоварзӣ” аз Институти хокшиносӣ ва агрохимияи Академияи илмҳои кишоварзии Тоҷикистон боздид ба амал оварданд.
Ҳангоми мулоқот бо роҳбарият ва мутахасисони озмоишгоҳи Институти мазкур моҳияти Лоиҳа фаҳмонида шуда, гузаронидани ташхиси хоки хоҷагиҳои тухмипарварӣ дар озмоишгоҳ мавриди омӯзиш қарор гирифт. Ходимони илмии Институти хокшиносӣ ва агрохимияи Академияи илмҳои кишоварзии Тоҷикистон ҳамчун баҳрагирандагони Лоиҳа аз кӯмаку машваратҳои дастраскардашон изҳори қаноатмандӣ намуданд.

khok

 

Прочитано 619 раз Последнее изменение Четверг, 13 Апрель 2023 13:35