Версия для печати
Четверг, 13 Апрель 2023 14:13

Картошкаи тухмии хушсифат ба хоҷагиҳои тухмипарварӣ

Дар мавсими кишти картошка як қатор хоҷагиҳои тухмипарварӣ аз манотиқи гуногуни ҷумҳурӣ дар доираи компоненти якуми Лоиҳаи “Баланд бардоштани устувории кишоварзӣ” барои кишт картошкаи тухмии хушсифат дастрас намуданд. Мурод аз тақсими картошкаи тухмии гуруҳи элитаи “Кроне” ва “ Галла” ғанӣ гардонидани фонди тухмиҳои хушсифат мебошад.

Дар баробари картошкаи тухмӣ якчанд намуди нуриҳои минералӣ дар миқдори муайян ба хоҷагиҳои тухмипарварӣ тақсим гардид.

Дар ҷараёни тақсими картошкаҳои тухмӣ ва нуриҳои минералӣ аз ҷониби мутахассисони муассисаи давлатии “Рушди соҳибкорӣ дар соҳаи кишоварзӣ” оид ба тарзи кишт ва истифодаи нуриҳои минералӣ, тарзи парвариши он барои баҳрагирандагон Лоиҳа маслиҳати муфид дода шуд.

каро01  каро004  каро02

 

 

Прочитано 659 раз Последнее изменение Четверг, 13 Апрель 2023 14:26