Версия для печати
Четверг, 01 Июнь 2023 08:47

Мониторинги тадбирҳои мубориза бар зидди малах

Чанде пеш гурӯҳи мутахассисони Муассисаи давлатии “Рушди соҳибкорӣ дар соҳаи кишоварзӣ” дар доираи компоненти сеюми Лоиҳаи “Баланд бардоштани устувории кишоварзӣ” аз ҷараёни фаъолияти дорупошии Муассисаи давлатии Экспедитсияи “Мубориза бар зидди малах” дар вилояти Хатлон боздид ба амал оварданд. Дар рафти мониторинги корҳои мубориза бар зидди малах аз кормандони саҳроӣ даъват ба амал оварда шуд, ки стандартҳои экологӣ-иҷтимоиро риоя намоянд.

Лозим ба ёдоварист, ки пеш аз мавсими дорупошӣ дар доираи татбиқи Лоиҳаи “Баланд бардоштани устувории кишоварзӣ” ба Муассисаи давлатии Экспедитсияи “Мубориза бар зидди малах” нақлиёт ва таҷҳизоти дорупошӣ ва заҳрхимикатҳо дода шуда буд.

Самараи ин тадбирҳо коҳиш ёфтани ҳуҷуми малах ва пешгирии талафёбии зироатҳои кишоварзӣ мебошад.

 

malakh

Прочитано 1241 раз Последнее изменение Четверг, 01 Июнь 2023 08:51