Среда, 23 Ноябрь 2022 13:30

Рӯзи Парчами давлатӣ

parchamТабрикоти Муассисаи давлатии “Рушди соҳибкорӣ дар соҳаи кишоварзӣ” ба муносибати Рӯзи Парчами давлатӣ

Ҳамдиёрони азиз!
Парчам ҳамчун яке аз рамзҳои давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон таҷассумгари рамзи садоқат, рафоқат, фахру ҳувияти миллӣ ва шарафи ватандорист. Парчами давлатӣ чун рамзи давлати соҳибистиқлоли тоҷикон 24 ноябри соли 1992 дар Иҷлосияи ХVI сарнавиштсози Шӯрои Олӣ қабул гардид.

Ба шарофати заҳмату талошҳои фарзанди фарзонаи миллат, Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар пойтахти мамлакат шаҳри Душанбе гулбоғи Парчами давлатӣ ва майдони Нишони давлатӣ ҳамчун рамзи ёдгорӣ ва ифодакунандаи Истиқлолияти давлатӣ бунёд ёфтааст.

Эҳтироми Парчами давлатӣ ва расидан ба қадри рамзҳои муқаддаси Ватани соҳибистиқлол вазифаи ифтихорӣ ва қарзи шаҳрвандии ҳар як фарди ҷомеа ба шумор меравад.

Дар ин Рӯзи Парчами давлатӣ таманнои онро дорем, ки ҳар тоҷику тоҷикистонӣ дар зери Парчами давлатӣ муттаҳид бошанду барои ободии ин кишвар камари ҳиммат банданд. Бигузор парчами давлати мо доим дар партави сулҳу осиштагии тоҷикон парафшон бошад.

Шӯъбаи робита бо ҷомеаи Муассисаи давлатии «Рушди соҳибкорӣ дар соҳаи кишоварзӣ»

 

Прочитано 144 раз Последнее изменение Среда, 23 Ноябрь 2022 13:36

Созишномаи грантӣ оид ба

18 январ дар Душанбе миёни Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ассотсиатсияи Байналмилалии Рушд Созишномаи грантӣ оид ба

Фаъолияти лоиҳакашӣ дар

Дар доираи Лоиҳаи “Баланд бардоштани устувории кишоварзӣ”, ки аз ҷониби Муассисаи давлатии “Рушди соҳибкорӣ дар соҳаи

Тавсияҳои судманд ба

 

   

 

Бо мақсади амалӣ намудани қисмати якуми Лоиҳаи “Баланд бардоштани устувории

Рӯзи Парчами давлатӣ

Табрикоти Муассисаи давлатии “Рушди соҳибкорӣ дар соҳаи кишоварзӣ” ба муносибати Рӯзи Парчами давлатӣ

Ҳамдиёрони азиз!

Машваратҳои ҷамъиятӣ дар

Дар доираи омодагӣ ба татбиқи маблағгузории иловагии Лоиҳаи “Баланд бардоштани устувории кишоварзӣ” тибқи нақшаи корӣ

ТАҶЛИЛИ РӮЗИ ПРЕЗИДЕНТИ

Ба муносибати РӮЗИ ПРЕЗИДЕНТИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН директори Муассисаи давлатии “Рушди соҳибкорӣ дар соҳаи кишоварзӣ”

Разработано jtemplate модули Joomla