Среда, 23 Ноябрь 2022 13:30

Рӯзи Парчами давлатӣ

parchamТабрикоти Муассисаи давлатии “Рушди соҳибкорӣ дар соҳаи кишоварзӣ” ба муносибати Рӯзи Парчами давлатӣ

Ҳамдиёрони азиз!
Парчам ҳамчун яке аз рамзҳои давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон таҷассумгари рамзи садоқат, рафоқат, фахру ҳувияти миллӣ ва шарафи ватандорист. Парчами давлатӣ чун рамзи давлати соҳибистиқлоли тоҷикон 24 ноябри соли 1992 дар Иҷлосияи ХVI сарнавиштсози Шӯрои Олӣ қабул гардид.

Ба шарофати заҳмату талошҳои фарзанди фарзонаи миллат, Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар пойтахти мамлакат шаҳри Душанбе гулбоғи Парчами давлатӣ ва майдони Нишони давлатӣ ҳамчун рамзи ёдгорӣ ва ифодакунандаи Истиқлолияти давлатӣ бунёд ёфтааст.

Эҳтироми Парчами давлатӣ ва расидан ба қадри рамзҳои муқаддаси Ватани соҳибистиқлол вазифаи ифтихорӣ ва қарзи шаҳрвандии ҳар як фарди ҷомеа ба шумор меравад.

Дар ин Рӯзи Парчами давлатӣ таманнои онро дорем, ки ҳар тоҷику тоҷикистонӣ дар зери Парчами давлатӣ муттаҳид бошанду барои ободии ин кишвар камари ҳиммат банданд. Бигузор парчами давлати мо доим дар партави сулҳу осиштагии тоҷикон парафшон бошад.

Шӯъбаи робита бо ҷомеаи Муассисаи давлатии «Рушди соҳибкорӣ дар соҳаи кишоварзӣ»

 

Прочитано 637 раз Последнее изменение Среда, 23 Ноябрь 2022 13:36

Мониторинги тадбирҳои

Чанде пеш гурӯҳи мутахассисони Муассисаи давлатии “Рушди соҳибкорӣ дар соҳаи кишоварзӣ” дар доираи компоненти сеюми

Интизори ҳосили хуб

Бо мақсади мушоҳидаи ҳосили қитъаҳои кишти гандум, ва пахта, фаҳмонидани талаботи дарёфти сертификати тухмӣ,

Силсилаомӯзишҳои тухмипарварӣ

Дар доираи кӯмаки техникии ФАО (Ташкилоти озуқаворӣ ва кишоварзии Созмони Милали Муттаҳид) ба ҷараёни татбиқи Лоиҳаи

Семинари самарабахш

Дар доираи Академияи таҳсилоти марказҳои татбиқи Лоиҳа ва чаҳорчӯби масоили ҳифзи муҳити зист ва иҷтимоии Лоиҳаи Баланд

Мониторинги ҳолати

Дар доираи татбиқи компоненти якуми Лоиҳаи “Баланд бардоштани устувории кишоварзӣ” мутахассисони Муассисаи давлатии

Боздид аз Бадахшон

Дар доираи компонентҳои якум ва сеюми Лоиҳаи “Баланд бардоштани устувории кишоварзӣ” оид ба сохтмони иншоотҳои соҳаи

Разработано jtemplate модули Joomla