Дар доираи компонентҳои якум ва сеюми Лоиҳаи “Баланд бардоштани устувории кишоварзӣ” оид ба сохтмони иншоотҳои соҳаи кишоварзӣ гурӯҳи мутахассисони муассисаи давлатии “Рушди соҳибкорӣ дар соҳаи кишоварзӣ” ба Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон сафари хизматӣ намуданд.
Ҳангоми сафари корӣ дар мавзеъҳои сохтмонии биноҳои маъмурии маркази илмии кишоварзии Помир (АИКТ) ва стансияи навъсанҷии ноҳияи Ишкошим баробари корҳои лоиҳакашӣ-топографӣ, ҳамчунин баҳогузории экологию иҷтимоӣ гузаронида шуда барои риояи талаботи стандартҳои экологиву иҷтимоии Бонки умумиҷаҳонӣ тавсияҳо дода шуд.
Дар мулоқот бо баҳрагирандагон оид ба моҳияти Лоиҳаи “Баланд бардоштани устувории кишоварзӣ”, риояи ҳуҷҷатгузории сохтумони иншоотҳои пешбинишуда ва Кодекси рафтори манфиатгирандагони Лоиҳа тибқи талаботи Бонки умумиҷаҳонӣ изҳори назар намуданд.