Бо мақсади амалӣ намудани қисмати якуми Лоиҳаи “Баланд бардоштани устувории кишоварзӣ” оид ба такмили шабакаи тухмипарварӣ, ниҳолпарварӣ ва маводи истеҳсолӣ, мутахассисони Муассисаи давлатии “Рушди соҳибкорӣ дар соҳаи кишоварзӣ” ба шаҳру ноҳияҳои вилоятҳои Суғду Хатлон ва шаҳру ноҳияҳои тобеи ҷумҳурӣ сафарбар карда шуданд.
Дар ҷараёни сафари мазкур мутахассисони Муассиса бо роҳбарони хоҷагиҳои тухмипарварӣ вохӯрӣ намуда, аз ҳолати нашъунамои кишти тирамоҳии гандуми тухмие, ки аз тарафи Муассиса дода шуда буд, боздид ба амал оварданд.
Ҳангоми сӯҳбату мулоқотҳо оид ба рушди соҳаи тухмипарварӣ ва омилҳои ҳосилхез намудани таркиби хок тавсияҳои судманд дода шуд.
Чунин тадбирҳои машваратӣ дар аксари манотиқи татбиқи Лоиҳаи мазкур тибқи нақшаи корӣ мунтазам сурат мегирад.