Дар доираи ташрифи навбатии Миссияи Бонки Ҷаҳонӣ ба Ҷумҳурии Тоҷикистон баробари мулоқот дар вазорату идораҳо, мақомоти маҳаллии вилоятҳои Хатлону Суғд ҳайати коршиносони Бонк аз минтақаҳои татбиқи Лоиҳаи “Баланд бардоштани устувории кишоварзӣ” боздид ба амал оварданд.
Ҳангоми мулоқот Миссия таҳти сарварии Теклу Тесфайе роҳбари гуруҳи корӣ аз Бонки Ҷаҳонӣ ва дигар коршиносон бо роҳбарият ва мутахассисони муассисаи давлатии “Рушди соҳибкорӣ дар соҳаи кишоварзӣ” оид ба самтҳои гуногуни татбиқи Лоиҳаи “Баланд бардоштани устувории кишоварзӣ” музокира намуданд.
Ҳолати воқеии татбиқи Лоиҳа дар минтақаҳо дар доираи компонентҳои якуму дуюм ба коршиносони Бонк муаррифӣ карда шуд.
Баҳрагирандагони Лоиҳа, яъне намояндагони хоҷагиҳои тухмипарвар аз кӯмаку машваратҳои дастраскардашон изҳори қаноатмандӣ намуданд.