Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон яке аз гӯшаҳои зебоманзари Тоҷикистон мудом мавриди таваҷҷуҳи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон қарор дорад.
Дар самти ислоҳоти соҳаи кишоварзӣ ва амалӣ намудани стратегияи давлатии таъмини амнияти озуқавории мамлакат дар доираи Лоиҳаи “Баланд бардоштани устувории кишоварзӣ” картошкаи тухмии гурӯҳи элитаи “Кроне” ва “ Галла” бо иловаи нуриҳои минералӣ ба хоҷагиҳои тухмипарвари Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон тавассути корвони мошинҳо дастрас гардонида шуд.
Ҳамзамон, аз ҷониби мутахассисони Муассисаи давлатии “Рушди соҳибкорӣ дар соҳаи кишоварзӣ” оид ба тарзи кишти картошкаи тухмӣ ва истифодаи нуриҳои минералӣ, инчунин риояи агротехникаи парвариши он барои хоҷагиҳои тухмипарвар маслиҳатҳои муфид дода шуд.