Донишгоҳи аграрии Тоҷикистон ба номи Шириншоҳ Шоҳтемур аз зумраи баҳрагирандагони компонентҳои якум ва сеюми Лоиҳаи “Баланд бардоштани устувории кишоварзӣ” оид ба такмили иқтидори муассисаҳои илмӣ барои пешгирӣ ва идоракунии ҳолатҳои бӯҳронӣ мебошад.
Ҳангоми мулоқоти мутахассисони муассисаи давлатии “Рушди соҳибкорӣ дар соҳаи кишоварзӣ” бо кормандони илмии кафедраи Агрохимия ва хокшиносӣ барои гузаронидани ташхиси хоки хоҷагиҳои тухмипарварӣ дар озмоишгоҳ мавриди омӯзиш қарор гирифт.